Главная > Цель и задачи > Мақсад ва вазифа

Мақсад ва вазифа


12-04-2021, 01:27. Разместил: admin
Мақсади асосии Институт дар сохаи илми бунёдӣ ва амалии тибби ветеринарӣ фаъолият намуда, сохаи байтории ҷумхуриро бо усулу тарзхои аз ҷихати илмӣ асоснокшудаи амният ва эминии биологӣ, баходихӣ, тахлил ва идоракунии тахдидхои биологӣ, инчунин истехсоли маводи биологӣ ва тайёр кардани кадрхои илмии баландихтисос таъмин менамояд.
Вазифахои асосии институт:
- пешниход кардани самтхои тахқиқоти илмӣ дар сохаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ;
- гузаронидани мониторинги беморихои сироятии бахусус хавфноки хайвонот ва зоонозӣ дар худуди Тоҷикистон;
- ҷамъоварӣ, парвариш ва нигахдории коллексияи микроорганизмхои иллатангези хайвонот бо мақсади тахияи ваксина ва маводи ташхиси онхо;
- тахия ва такмили технологияи истехсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва ва татбиқи он;
- истехсол ва фурўши воситахои пешгирикунанда ва доругии таъйиноти байторӣ ва моддахои фаъоли биологӣ;
- тахия ва сахм гирифтан дар барномахои давлатӣ, минтақавӣ ва сохавии илмӣ ва илмию техникӣ ва татбиқи дастовардхои нави самарабахши илми ватанӣ ва ҷахонӣ;
- тайёр намудани кадрхои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомўзӣ, баланд бардоштани тахассус дар сохаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.скачать dle 10.4фильмы бесплатно
Вернуться назад