Информация к новости
  • Просмотров: 11009
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:27
12-04-2021, 01:27

Мақсад ва вазифа

Категория: Информация / Цель и задачи

Мақсади асосии Институт дар сохаи илми бунёдӣ ва амалии тибби ветеринарӣ фаъолият намуда, сохаи байтории ҷумҳуриро бо усулу тарзҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи амният ва эминии биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ, инчунин истеҳсоли маводи биологӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос таъмин менамояд.
Вазифаҳои асосии институт:
- пешниҳод кардани самтҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ;
- гузаронидани мониторинги бемориҳои сироятии бахусус хавфноки ҳайвонот ва зоонозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;
- ҷамъоварӣ, парвариш ва нигаҳдории коллексияи микроорганизмҳои иллатангези ҳайвонот бо мақсади таҳияи ваксина ва маводи ташхиси онҳо;
- таҳия ва такмили технологияи истехсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва ва татбиқи он;
- истеҳсол ва фурўши воситаҳои пешгирикунанда ва доругии таъйиноти байторӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ;
- таҳия ва саҳм гирифтан дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии илмӣ ва илмию техникӣ ва татбиқи дастовардҳои нави самарабахши илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомўзӣ, баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.