Информация к новости
  • Просмотров: 279
  • Автор: admin
  • Дата: 18-02-2024, 23:16
18-02-2024, 23:16

Дастовардхо дар соли 2023 дар ИМАББ

Категория: Информация / История

«Штамми бактерияи Salmonella Dublin SD 5 TJ барои истеҳсоли ваксинаи зидди салмонеллёзи гўсолаҳо» №1125/012, аз 19.04.2023;
Дастовардхо дар соли 2023 дар ИМАББ
Информация к новости
  • Просмотров: 10976
  • Автор: admin
  • Дата: 15-02-2024, 03:33
15-02-2024, 03:33

Баррасии Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ИМАББ

Категория: Информация

9-уми феврали соли 2024 дар ҷаласаи васеи кормандони Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи АИКТ доир ба баррасии мазмуну мундариҷа ва мўњтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28.12.2023) ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа, бахусус, бандҳое, ки ба илму маориф ва робитаи илму истеҳсолот ва ҳимояи ҳаёти иҷтимоии коргарон робита доштанд, шарҳу тавзеҳ ёфтанд. Баромадкунандагон аз ҳимоя ва пуштибонии сиёсати Пешвои муаззами миллат - мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида намуда, сипосу миннатдории хешро баён намуданд. Дар асоси Паёми сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои соли 2024 Нақшаи корӣ таҳия гардид.Баррасии Паёми Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ИМАББ
Информация к новости
  • Просмотров: 11938
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:27
12-04-2021, 01:27

Мақсад ва вазифа

Категория: Информация / Цель и задачи

Мақсади асосии Институт дар сохаи илми бунёдӣ ва амалии тибби ветеринарӣ фаъолият намуда, сохаи байтории ҷумҳуриро бо усулу тарзҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи амният ва эминии биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ, инчунин истеҳсоли маводи биологӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос таъмин менамояд.
Вазифаҳои асосии институт:
- пешниҳод кардани самтҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ;
- гузаронидани мониторинги бемориҳои сироятии бахусус хавфноки ҳайвонот ва зоонозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;
- ҷамъоварӣ, парвариш ва нигаҳдории коллексияи микроорганизмҳои иллатангези ҳайвонот бо мақсади таҳияи ваксина ва маводи ташхиси онҳо;
- таҳия ва такмили технологияи истехсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва ва татбиқи он;
- истеҳсол ва фурўши воситаҳои пешгирикунанда ва доругии таъйиноти байторӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ;
- таҳия ва саҳм гирифтан дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии илмӣ ва илмию техникӣ ва татбиқи дастовардҳои нави самарабахши илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомўзӣ, баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.
Информация к новости
  • Просмотров: 3005
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:23
12-04-2021, 01:23

Таърихи таъсисёбӣ

Категория: Информация / История

Таърихи таъсисёбӣ. Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, таҳти № 487 тағйири ном карда шуд, ки пеш аз ин Институти масоили амнияти биологӣ номбарӣ шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, таҳти № 57 дар пойгоҳи Корхонаи илмию истехсолии «Маводи биологӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, таҳти № 215 ташкил карда шуда буд.
Сараввал Институти Осиёимиёнагии оқсил соли 1971 ҳамчун филиали Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии оқсили Вазорати кишоварзии ИҶШС ташкил карда шуда буд. Аз 21 феврали соли 1992 Институт ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил карда шуда, ба Институти Осиёимиёнагии оқсил номгузорӣ гардид.