Информация к новости
  • Просмотров: 103729
  • Автор: admin
  • Дата: 23-05-2023, 19:56
23-05-2023, 19:56

Рафти баргузории Мизи Муддавар

Категория: Новости

Дар Институти масоили амнияти биологи ва биотехнологияи АИКТ 25-уми апрели соли 2023 дар мавзўи «Роҳҳои истеҳсоли ваксинаҳои зидди паразитии хун» «Мизи муддавар» доир гардид. Дар чорабинии мазкур 13 нафар олимон ба музокира баромада, доир ба мавзўи мазкур ақидаҳои худро баён намуданд. Қайд шуд, ки дар ҷумҳурӣ воқеан ҳам касалиҳои паразитии хуни чорво, аз ҷумла тейлериози чорвои калони шохдор ҷой дорад ва зиёни иқтисодии калон мерасонад. Олимон доир ба пешгирӣ ва табобати он беморӣ тавсияҳои худро пешниҳод намуда, ба қароре омаданд, ки роҳи аз ҳама самарабахши аз миён бардоштани бемории мазкур ба роҳ мондани истеҳсоли ваксина ба шумор меравад. Пешниҳод шуд, ки технологияи истеҳсоли ваксина дар Институт таҳия ва такмил дода силсилаи таҷрибавии ваксина ба роҳ монда шавад.
Рафти баргузории Мизи Муддавар
Рафти баргузории Мизи Муддавар
Рафти баргузории Мизи Муддавар