Информация к новости
  • Просмотров: 7620
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:57
12-04-2021, 01:57

Роҳбарият:

Категория: Руководства

Директор: Маҳмудов Камолҷон Бурҳонович, номзади илмҳои ветеринарӣ, Тел.: 915-03-10-40, E-mail: mkamoljon@mail.ru

Муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ: Ҷумаев Шуҳрат Нурмуродович, номзади илмҳои биологӣ, Тел.: 938-39-77-53, E-mail: shuhrat7777@mail.ru

Муовини директор оид ба амнияти биологӣ ва инноватсия: Мурватуллоев Сангимурод Акобирович, доктори илмҳои ветеринарӣ, Тел.: 935-70-07-11, E-mail: sanginmurod@mail.ru

Котиби илмӣ: Холов Сайхомид Хоҷаевич, номзади илмҳои ветеринарӣ, Тел.: 919-14-66-76, E-mail: kholov.sayhomid@mail.ru
Информация к новости
  • Просмотров: 12204
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:27
12-04-2021, 01:27

Мақсад ва вазифа

Категория: Информация / Цель и задачи

Мақсади асосии Институт дар сохаи илми бунёдӣ ва амалии тибби ветеринарӣ фаъолият намуда, сохаи байтории ҷумҳуриро бо усулу тарзҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи амният ва эминии биологӣ, баҳодиҳӣ, таҳлил ва идоракунии таҳдидҳои биологӣ, инчунин истеҳсоли маводи биологӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос таъмин менамояд.
Вазифаҳои асосии институт:
- пешниҳод кардани самтҳои таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи байторӣ ва биотехнологияи тибби ветеринарӣ, амният ва эминии биологӣ;
- гузаронидани мониторинги бемориҳои сироятии бахусус хавфноки ҳайвонот ва зоонозӣ дар ҳудуди Тоҷикистон;
- ҷамъоварӣ, парвариш ва нигаҳдории коллексияи микроорганизмҳои иллатангези ҳайвонот бо мақсади таҳияи ваксина ва маводи ташхиси онҳо;
- таҳия ва такмили технологияи истехсоли маводи пешгирикунанда, ташхисӣ ва доругии таъйиноти байторӣ ва ва татбиқи он;
- истеҳсол ва фурўши воситаҳои пешгирикунанда ва доругии таъйиноти байторӣ ва моддаҳои фаъоли биологӣ;
- таҳия ва саҳм гирифтан дар барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва соҳавии илмӣ ва илмию техникӣ ва татбиқи дастовардҳои нави самарабахши илми ватанӣ ва ҷаҳонӣ;
- тайёр намудани кадрҳои илмии тахассусашон баланд ба тариқи магистратура, аспирантура, докторантура, бозомўзӣ, баланд бардоштани тахассус дар соҳаи амнияти биологӣ, вирусшиносӣ, биотехнология ва биологияи молекулавӣ.
Информация к новости
  • Просмотров: 4497
  • Автор: admin
  • Дата: 12-04-2021, 01:23
12-04-2021, 01:23

Таърихи таъсисёбӣ

Категория: Информация / История

Таърихи таъсисёбӣ. Институти масоили амнияти биологӣ ва биотехнологияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2020, таҳти № 487 тағйири ном карда шуд, ки пеш аз ин Институти масоили амнияти биологӣ номбарӣ шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, таҳти № 57 дар пойгоҳи Корхонаи илмию истехсолии «Маводи биологӣ», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008, таҳти № 215 ташкил карда шуда буд.
Сараввал Институти Осиёимиёнагии оқсил соли 1971 ҳамчун филиали Институти умумииттифоқии илмию тадқиқотии оқсили Вазорати кишоварзии ИҶШС ташкил карда шуда буд. Аз 21 феврали соли 1992 Институт ба ҳайати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дохил карда шуда, ба Институти Осиёимиёнагии оқсил номгузорӣ гардид.